Феврал 21, 2020 17:55 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Мардуми Эрон шиори “Марг бар Амрико” - ро таҳаққуқ бахшиданд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба ҳузури густурдаи мардуми Эрон дар ёздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва аввалин миёндавраии панҷумин давраи интихоботи маҷлиси хубрагони раҳбарӣ гуфт, мардуми Эрон бо ҳузур дар интихобот, шиори “Марг бар Амрико”-ро таҳаққуқ бахшиданд.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки ҳузури густурдаи мардум дар интихобот душманро ба хашм овард, афзуд, душманон ва расонаҳои вобаста ба онон бо илтимос аз мардуми Эрон хостанд дар интихобот ширкат накунанд, аммо мардуми Эрон бо ҳузури худ посухи қотеъ ба онон доданд.

Оятуллоҳ Хотамӣ таъкид кард, ҳузури мардум дар интихобот сабаби сарафкандагии душманон ва сарбаландии мардуми Эрон шуд.

Хатиби намози ҷумъа Теҳрон бо ишора ба таҳаввулоти минтақаи ғарби Осиё низ гуфт, душман тасаввур мекард бо террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи шаҳиди нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҷабҳаи муқовимат тазъиф мешавад, аммо нокомии Амрико дар Ироқ ва Лубнон, ақибнишинии такфириҳо аз атрофи Ҳалаб ва нишастани ҳавопаймои мусофирбарӣ дар ин шаҳр пас аз 9 сол, аз ҷумлаи хабарҳои хуши муқовимат дар чанд рӯзи ахир аст.

Оятуллоҳ Хотамӣ ҳамчунин бо баёни ин ки “Муомилаи қарн” тарҳе комилан шикастхӯрда аст, афзуд, Амрико ва саҳюнистҳо рӯйи оромишро дар минтақа нахоҳанд дид.

 

Барчасп