Феврал 23, 2020 18:36 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Рӯҳонӣ бар лузуми истодагии Аврупо дар баробари иқдоми Амрико

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидори вазири хориҷаи Австрия гуфт: Интизор аз Иттиҳодияи Аврупо ин аст, ки дар баробари иқдоми ғайриқонунии Амрико истодагӣ кунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбе дар дидори вазири умури хориҷаи Австрия бо ишора ба ин, ки ду кишвар зарифиятҳои хубе, бавижа дар заминаҳои иқтисодӣ барои ҳамкорӣ доранд, ибрози умедворӣ кард,  Австрия дар тавсиаи ҳамкориҳо ба фишорҳои ғайриқонунӣ ва нодурусти амрикоиҳо эътино накунад.

Рӯҳонӣ таъкид кард, тавофуқи ҳастаии БарҶом метавонад барои амният ва сулҳи минтақа ва ҷаҳон таъсиргузор бошад.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба таҳрими маводи ғизоӣ ва дору аз сӯи Амрико алайҳи мардуми Эрон дар канори таҳримҳои иқтисодӣ тасреҳ кард:

Ин таҳримҳо иқдоми террористӣ аст ва беҳтар аст Иттиҳодияи Аврупо дар ин замина ба вазифаи инсонии худ амал кунад.

Рӯҳонӣ бо баёни ин, ки Ҷумҳурии исломии Эрон тарҳи "Сулҳи Ҳурмуз"-ро бо ҳадафи барқарории сулҳу амнияти ду минтақа ироа кард ва ин тарҳ бо истиқбол рӯбарӯ шудааст афзуд: Ҳамаи мушкилоти ғарби Осиё ношӣ аз мудохилаи ғалат ва ғайриқонунии Амрико дар масоили мухталиф аст.

 

 

Барчасп