Иқдоми сиёсии “FATF”дар гунҷондани Эрон дар феҳристи сиёҳ
Ғарбиҳо ба саркардагии Амрико муддатҳо аст, ки сиёсати фишори ҳамаҷониба ба Ҷумҳурии Исломии Эронро бо ҳадафи тағйири усул ва сиёсатҳои он маддиназар қарор додаанд. Яке аз муҳиммтарин ҷанбаҳои ин рӯйкард, эъмоли фишорҳои молӣ ва иқтисодӣ ба Эрон аст.
Дар ин росто Гурӯҳи вижаи иқдоми молӣ мавсум ба “FATF”рӯзи ҷумъа (21 феврал) Эронро дар феҳристи сиёҳи худ қарор дод.
Рӯзномаи “The Wall Street Journal” пештар гузориш дода буд, ки тасмими ин ниҳод мустақар дар Париж, мабни бар пайвастан ба фишори ҳаддиаксарии Амрико алайҳи Эрон пас аз мувофиқати кишварҳои аврупоӣ, сурат пазируфтааст. Гурӯҳи вижаи иқдоми молӣ дар баёнияи худ, ба сурати зимнӣ эълом карда, ки иқдомот алайҳи Эрон бозгаштпазир аст ва Эрон пас аз тасвиби лоиҳаҳои марбут метавонад аз феҳристи сиёҳ хориҷ шавад. Яке аз дипломатҳои аврупоӣ дар ин бора ба Рейтрез гуфта, ки ворид кардани Эрон ба феҳристи сиёҳ, тавре танзим шудааст, ки дарҳо ба рӯи Эрон комилан баста нашуда бошад.
Гурӯҳи вижаи иқдоми молӣ дар соли 1989 дар Париж бо тасмими сарони кишварҳои “Гурӯҳи 7” ва бо маъмурияти иддаоии мубориза бо пулшуӣ таъсис шуд. Сарони “Гурӯҳи 7” зарурати ташкили чунин ниҳодеро, яксон кардани муқаррароти бонкӣ ва мубориза бо пулшӯӣ унвон карданд. Дар соли 2001 ва баъд аз ҳодисаи 11 сентябр, ончӣ мубориза бо «таъмини молии терроризм» хонда шуд, дар дастури мавзӯоти назорати кори фаъолиятҳои он қарор гирифт. Назорат бар амалкарди шабакаи бонкӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва дар сатҳи кишварҳо, вазифаи аслии Гурӯҳи вижаи иқдоми молӣ маҳсуб мешавад.
Агарчӣ бо тасмими “FATF”тарокунишҳои молии Эрон бо маҳдудиятҳои зиёде мувоҷиҳ мешавад ва зери заррабин қарор мегирад, аммо ин тасмим чандон таъсири амалӣ нахоҳад дошт, зеро акнун низ аксари бонкҳои ғарбӣ сарфи назар аз наҳваи таомули Эрон ва “FATF” бо таваҷҷуҳ ба таҳримҳои Амрико аз тарокунишҳои молӣ ва бонкии муртабит бо Эрон худдорӣ мекунанд. Иқдоми коргурӯҳи вижаи иқдоми молӣ бо таваҷҷуҳи сайтара ва нуфузи Амрико бар аврупоиҳо ва таҳти таъсири фишорҳои Амрико сурат гирифтааст.
Мақомоти аршади давлати Трамп борҳо хостори пайвастани Эрон ба “FATF” шуда буданд. Аз ҷумла Мойк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико 12 феврали 2020 аз Эрон хост ба Конвенсияи таъмини молии терроризм ва Конвенсияи Палермо бипайвандад. Албатта Помпео пас аз иқдоми зиддиэронии Гурӯҳи вижаи иқдоми молӣ, хурсандии худро дар ин замина эълом кард.
Помпео рӯзи ҷумъа дар баёнияе эълом кард, ҳукумати Эрон бояд бо паёмадҳои тадовуми пайравӣ накардан аз ҳанҷорҳои байналмилалӣ бавижа иқдом накардан барои тасвиби " Палермо" ва Конвенсияи таъмини молии терроризм мувоҷиҳ шавад. Пештар низ чаҳор сенатори амрикоӣ дар номае ба ин гурӯҳ муддаӣ шуда буданд, Эрон бо гузашти ду сол аз таълиқи иқдомоти тақобулӣ, ҳанӯз тағйире дар равияҳояш эҷод накардааст ва бояд ҳар чӣ сареътар ба феҳристи сиёҳи Гурӯҳи вижаи иқдоми молӣ ворид шавад.
Эрон борҳо таъкид карда буд, ки Амрико ва ҳампаймонони минтақаии он талоши зиёдеро барои қарор додани Эрон дар феҳристи сиёҳи "FATF" бо ҳадафи дар тангно қарор додани Теҳрон анҷом медиҳанд.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон чанде пеш гуфт, се режими ҳомии терроризм шомили Амрико, Арабистон ва Исроил ба думболи фиристодани Эрон ба феҳристи сиёҳи "FATF" ҳастанд. Мавзегирии мусбати мақомоти аршади амрикоӣ дар қиболи гунҷондани Эрон дар феҳристи сиёҳи "FATF" нишон медиҳад, Вашингтон ин гурӯҳро абзори муносибе барои эъмоли ҳарчӣ муассири таҳримҳо алайҳи кишварҳои ноҳамсӯ бо сиёсатҳои Амрико аз ҷумла Эрон медонад.
Дар муқобил, Эрон ин иқдоми Гурӯҳи вижаи иқдоми молиро иқдоме комилан сиёсӣ ва ҷиҳатдор талаққӣ мекунад.
Сайидаббоси Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни ин, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон беш аз ду сол аст, ҳамаи қавонин ва муқаррароти марбут ба пулшуӣ ва таъмини молии терроризмро иҷро кардааст, тасреҳ кард, Арабистон ба унвони бонки марказии терроризм ва рижеми саҳюнистӣ ба унвони як давлати террорист, бештарин ҳимоятҳоро аз гурӯҳҳо ва созмонҳои террористии саросари ҷаҳон анҷом медиҳанд, аммо Эронро, ки бештарин ҳамкориро дар ин заминаҳо дорад ва аз шаффофияти фавқулодае бархӯрдор аст, ба феҳрист сиёҳ мебаранд.