Аввалин намуна аз кити эронии ташхиси коронавирус тавлид шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i51164-Аввалин_намуна_аз_кити_эронии_ташхиси_коронавирус_тавлид_шуд
Аввалин намуна аз кити эронии ташхиси коронавирус ба дасти мутахассисон ва донишмандони эронӣ тавлид шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 24, 2020 08:33 Asia/Dushanbe
  • Аввалин намуна аз кити эронии ташхиси коронавирус тавлид шуд

Аввалин намуна аз кити эронии ташхиси коронавирус ба дасти мутахассисон ва донишмандони эронӣ тавлид шуд.

Ба нақл аз Форс, аввалин намуна аз кити эронии ташхиси коронавирус ба дасти мутахассисон ва донишмандони эронӣ дар Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон сохта шуд.

Ин китҳо аслитарин дастгоҳҳои ташхиси ибтилои ашхос ба бемории коронавирус аст, ки барои аввалин бор дар дохили Эрон тавлид шудааст.

Шуюи коронавирус дар моҳи декабри 2019 аз шаҳри Вуҳан дар вилояти Ҳубей шарқи Чин оғоз шуд ва зоҳиран маншаи он ҳайвонот будааст.

Ин вирус акнун илова бар 30 вилояти Чин, ба камаш 25 кишвари дигар аз ҷумла Эрон, Амрико Англия, Австралия, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ, Жопон, Канада, Фаронса, Арабистон ва Иморот сироят кардаатс.

Бар асоси охирин омор, то кунун камаш 79 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод ҳудуди 18 ҳазор нафари он беҳбуд ёфта ва беш аз ду ҳазору 400 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.