Феврал 24, 2020 15:22 Asia/Dushanbe
  • Шумори ҷонбохтагони коронавирус дар Эрон ба 12 нафар расид

Вазорати тандурустӣ, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз афзоиши ҷонбохтагони мубтало ба коронавирус дар Эрон хабар дод.

Ба нақл аз ИРНО, Киёнуши Ҷаҳонпур раиси Маркази равобитумуммӣ ва иттилоърасонии Вазорати тандурустӣ, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи душанбе гуфт, теъдоди ҷонбохтагони мубтало ба коронавирус дар Эрон ба 12 тан ва теъдоди мубталоён ба 64 нафар расид.

То рӯзи якшанбе теъдоди талафоти коронавирус дар Эрон ҳашт нфар ва теъдоди мубталоён 43 нафар буд.

Ҳасани Руҳонӣ раисиҷумҳури Эрон рӯзи якшанбе бо судури ҳукм ва иблоғи наве ба вазири тандурустӣ, дармон ва омӯзиши пизишкии ин кишвар маъмурият дод аз тамоми тавони маҷмӯаҳои муртабит ба манзури пешгирӣ аз шуюъ ва решакании ҳарчи сареътари коронавирус баҳра гирад ва ба таври мустамар ба вай гузориш диҳад.

Шуюи коронавирус дар моҳи декабри 2019 аз шаҳри Вуҳан дар вилояти Ҳубей шарқи Чин оғоз ва зоҳиран маншаи он ҳайвонот будааст.

Ин вирус акнун илова бар 30 вилояти Чин ба камаш 25 кишвари дигар аз ҷумла Эрон, Амрико, Англия, Австралия,Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ, Жопон, Канада, Фаронса, Арабистон ва Иморот сироят кардааст.