Феврал 24, 2020 20:16 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани марзи Эрон бо Покистон гузаргоҳи марзии Тафтон

Покистон барои ҷилавгирӣ аз густариши корона гузаргоҳи марзии Тафтон бо Эронро баст.

Ба гузориши Форс, давлати Покистон барои ҷилавгирӣ аз густариши эҳтимолии бемории корона марзҳои муштарак бо Эронро ба таври муваққат баст.

Ин дар ҳоле аст, ки марокизи карантин барои бозгашти зоирони покистонӣ аз Эрон дар назар гирифта шудааст.

Давлати иёлати Балучистон аз давлати марказии Исломобод дархост карда барои зоироне, ки аз марзи заминии Тафтон вориди Покистон мешаванд, карантини 14 рӯзаро ба иҷро бигузорад.

Беш аз 100 зоири покистонӣ, ки қасди сафар ба Эронро доштанд ба шаҳри Кувейта, маркази иёлати Балучистони Покистон бозгардонда шуданд.

Ҳамакнун беш аз 7 ҳазор зоири покистонӣ дар Эрон ҳастанд, ки қарор аст ҳангом бозгашт ба кишварашон таҳти муоинаи пизишкӣ қарор бигиранд.

Раиси маҷлиси Сенои Покистон аз давлати ин кишвар дархост кард аз ҳеҷ иқдоме барои ҳифзи саломати шаҳрвандони покистонӣ дар баробари вируси корона дареғ накунад.