Эъломи омодагии сипоҳ барои кӯмак дар муқобила бо коронавирус
Сипоҳ барои кӯмак ба вазорати беҳдошт барои муқобила бо коронавирус эъломи омодагӣ кард.
Сарлашкар Саломӣ дар тамоси телефонӣ бо вазири беҳдошт, дармон ва омузиши пизишкӣ, аз омодагии сипоҳ барои ироа ҳар гуна кумак ва хадамот дар муқобила ва ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус хабар дод.
Ба гузориши Форс, дар пайи густариши коронавирус дар бархе манотиқи кишвар, ки саломати ҳамватанонро бо таҳдидоте мувоҷиҳ кардааст, сардор сарлашкари посдор Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар тамоси телефонӣ бо доктор Саиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ, аз омодагии сипоҳ барои ҳар гуна кумак ба дастгоҳҳо ва созмонҳои мутаваллӣ, дар муқобила бо вируси корона ва ҷилавгирӣ аз густариши густурдаи ин беморӣ хабар дод.
Сарлашкар Саломӣ дар ин тамоси телефонӣ аз нақшофаринии басиҷ дар иҷрои тарҳи миллии эмкунии фалаҷи атфол ба унвони улгӯ ва таҷрибае бисёр муваффақ ва роҳгушо ёд кард ва гуфт, илова бар анҷоми иқдомоти омӯзишӣ дар хусуси пешгирӣ аз густариши беморӣ, тамоми маҷмӯаҳои беҳдошт ва дармони сипоҳ ҳам аз донишгоҳи улум пизишкӣ, бемористонҳо, марокизи дармонӣ ва басиҷи ҷомеаи пизишкӣ ба манзури идомаи хадамот ва кумак барои муқобила бо вируси корона то бозгашти шароит ба вазъи оддӣ омодагӣ доранд.