Феврал 25, 2020 13:39 Asia/Dushanbe
  • Табрики Солрӯзи валодати бо саодати имом Муҳаммади Боқир (а)

Имрӯз аввали моҳи раҷаби соли 1441 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 25 феврали 2020, солрӯзи валодати бо саодати имом Муҳаммади Боқир (а) аз наводагони пайёмбар (с) аст.

Ба ҳамин муносибат саросари Эрони исломӣ ғарқ дар ҷашну шодӣ аст.

Имом Муҳаммади Боқир (а) якуми моҳи раҷаби соли 57 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон гушуданд.

Азамати имом Муҳаммади Боқир (а) забонзади хос ва ом буд, ҳарҷо сухани волоии Ҳошимиён ва Алавиён ва Фотимиён ба миён меомад ишонро ягона вориси онҳама қадосат ва шуҷоат ва бузургворӣ мешинохтанд.

Ҷаззобтарин чеҳраҳо ва бахшидатарини инсонҳо, бархе аз вижагиҳои ҳазрати имом Муҳаммади Боқир (а) аст.

Мадиҳасароӣ ва мавлӯдхонии маддоҳони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) аз ҷумла барномаҳои ҷашни Солрӯзи солрӯзи валодати бо саодати имом Муҳаммади Боқир (а) дар саросари Эрон аст.

Шаҳрҳои муқаддаси Машҳад ва Қум нурборон шуда ва маросими ҷашну сурур бо ҳузури ошиқон ва иродатмандони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) дар ҳоли баргузорӣ аст.

Дӯстдорони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) бо ширкат дар ин маросим ва пахши ширинӣ, ин милоди бобаракатро ба якдигар табрик мегӯянд.

Созмони Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани валодати бо саодати имом Муҳаммади Боқир (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.