Феврал 26, 2020 14:05 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Шамхонӣ ба мудохилаи Помпео дар умури дохилии Эрон

Дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон дар ҳисоби корбарии худ дар Twitter, дар вокунинш ба мудохилаи Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико дар умури дохилии Эрон навишт: Ҳанӯз ҳеҷ хабари дақиқе дар боараи ҳақиқати "Айнуласад" аз сӯи Кохи Сафед мунташир нашудааст.

Ба гузориши ИРНА, Алии Шамхонӣ рӯзи сешанбе дар ин твит афзуд:

Ибрози нигаронии Помпео аз он чи пинҳонкории Эрон дар бораи коронавирус мехонад, дар ҳоле аст, ки ҳанӯз ҳеҷ хабари дақиқе дар бораи ҳақиқати "Айнуласад", ҳавопаймои ҷосусӣ дар Афғонистон, куштаҳои имслои онфулонзо дар Амрико ва ... аз сӯи Кохи Сафед мунташир нашудаст.

Вазири хориҷаи Амрико пештар дар изҳороте муддаӣ шуда буд, ки Амрико хеле нигарон аст, ки Эрон дар бораи хурӯҷи коронавирус ҷузъиётеро пинҳон карда бошад.