Феврал 28, 2020 22:32 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон бар оромсозии фаврии фазои муташанниҷи мавҷуд дар Идлиб

Вазорати умури хориҷаи Эрон мудирияти фазои муташанниҷ дар Идлиби Сурия ва оромсозии ҳар чӣ зудтари онро зарурӣ донист.

Вазорати умури хориҷаи Эрон имрӯз (ҷумъа) дар баёнияе дар хусуси таҳаввулоти ҷорӣ дар Идлиби Сурия эълом кард, Эрон бо таваҷҷуҳ ба тасмими қаблии сарони раванди Остона муътақид аст, ин нишаст метавонад дар идомаи тавофуқоти пешини ин раванд, мабнӣ бар мубориза бо терроризм, иҷтиноб аз ҳар гуна осеб ба ғайринизомиён ва ҳаллу фасли сиёсии ихтилофот гоми муассире бардорад.

Ин баёния меафзояд, Эрон бо маҳкум кардани иқдомоти тарафҳои сеюм барои хадшадор кардани раванди Остона ва ҳамчунин иқдомоти Амрико, ки ба сурати ғайримасъулонае ҳамвора ба дунболи бурузи таниш дар минтақа буда ва ҳадаф аз ҳузури худро дар Сурия ғорати манобеи нафтии ин кишвар эълом кардааст, бо шарикони худ дар раванди Остона ҳамчунон дар тамос буда ва ба талоши худ барои поён додан ба шароити пурилтиҳоби мавҷуд идома хоҳад дод.

Амалиёти артиши Сурия ва муттаҳидонаш дар устони Идлиб, ки охирин пойгоҳи гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар маҳсуб мешавад, вокуниши манфии Туркия ва таҳдидоти паёпайи ин кишварро ба дунбол доштааст.

Артиши Туркия дар рӯзҳои ахир дар ростои ҳимоят аз террористҳо, борҳо мавозеи артиш ва зерсохтҳои Сурия дар устони Идлибро ҳадаф қарор додааст.

Ҳамакнун манотиқе дар шимоли Сурия дар ишғоли артиши Туркия аст.