Март 02, 2020 14:24 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши вазорати умури хориҷаи Эрон ба имзои тавофуқнома байни Амрико ва Толибон

" Эрон аз ҳар таҳаввуле, ки ба сулҳ ва субот дар Афғонистон кумак кунад ва аз талошҳое, ки дар ин замина таҳти раҳбарӣ ва моликияти афғонҳо анҷом шавад, истиқбол ва ҳимоят мекунад."

 Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба имзои тавофуқнома байни Амрико ва Толибон рӯзи якшанбе бо судури баёнияе бо таъкид бар ин мавзеъ таъкид кард: Тавофуқи сулҳи пойдор дар Афғонистон танҳо аз тариқи гуфтугӯи байни афғонҳо бо мушорикати гурӯҳҳои сиёсии ин кишвар, аз ҷумла Толибон ва бо дар назар гирифтани мулоҳизоти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба даст хоҳад омад.

 Дар ин баёния бар рӯйи ду нуктаи муҳим таъкид шудааст, ки дар таҳлили роҳбурдҳои калон барои дастёбӣ ба сулҳи пойдор дар Афғонистон дар дараҷаи нахусти аҳамият қарор дорад.

Нукта нахуст ; таъкид бар зарурати хурӯҷи ин нируҳо ба унвони пешниёзи дастёбӣ ба сулҳ ва амният дар Афғонистон аст. Аз ин дидгоҳ дар баёния тасреҳ шудааст:Ҳар иқдоме, ки заминаи хурӯҷи ин нируҳоро фароҳам кунад ба сулҳ дар ин кишвар кумак хоҳад кард.

Нуктаи дувуми мавриди ишора дар ин баёния  ҳушдор дар мавриди ҳадафи Амрико аз намоиши сулҳдӯстии Амрикост.

 Баёнияи вазорати умури хориҷаи Эрон дар ин хусус ошкоро хотирнишон мекунад, ки иқдомоти Амрико талоше барои қонунӣ кардани ҳузури нируҳояш дар Афғонистон аст ва ин ки Вашингтон ҷойгоҳи ҳуқуқӣ барои имзои қарордоди сулҳ ё таъйини сарнавишт дар мавриди ояндаи Афғонистон надорад.

 Дар канори ин ду нуктаи калидӣ вазорати умури хориҷаи Эрон роҳкори ниҳоӣ барои дастёбӣ ба сулҳи пойдорро низ хотирнишон сохта ва тасреҳ мекунад : Созмони Миллали Муттаҳид аз зарфиятҳои муносибе барои заминасозии музокироти байни афғонҳо ва низ назорат ва тазмини иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда бархурдор аст.

Бар ин асос Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни эҳтиром ба ҳокимият ва тамомияти сарзаминии Афғонистон  ибрози умедворӣ кардааст ; Дар Афғонистон давлате бар сар кор биёяд, ки бо ҳамсоягони худ равобити дӯстона ва бародарона дошта ва битавонад терроризмро решакан кунад.

Ғарби Осиё тайи беш аз як даҳа саҳнаи мудохилоти Амрико будааст .Амрико бо тарҳҳо ва нақшаҳои ҷудоиталабона дар минтақа ва бо эҷоди гурӯҳои террористие монанди Алқоида ва бо ҳимоят аз ДИИШ ва дигар гуруҳҳои террористӣ саъй кардааст муодилоти сиёсӣ ва амниятиро дар минтақа тағйир диҳад ва фармонравоии  худро ба кишварҳои минтақа таҳмил кунад. Ин таҳаррукотро метавон дар раванди ишғол ва ҳузури ҳаждаҳсолаи Амрико дар Афғонистон дид , ки натиҷааш густариши терроризм ва чандсад баробар шудани тавлиди маводи мухаддир будааст.

 Бо назардошти чунин пешинае аст, ки вазорати умури хориҷаи Эрон дар баёнияаш ҳузури нируҳои хориҷӣ дар Афғонистонро аз илатҳо ва омилҳои аслии ҷанг ва ноамнӣ дар ин кишвар дониста ва таъкид мекунад ;Ҳар иқдоме, ки заминаи хурӯҷи ин нируҳоро фароҳам кунад ба сулҳ дар ин кишвар кумак хоҳад кард.

Табиӣ аст Ҷумҳурии исломӣ наметавонад нисбат ба ин равандҳо бетафовут бошад,зеро барои амнияти минтақа ба ҳамон андоза аҳамият қоил аст, ки барои амнияти худ ҳассосият дорад. Бар  ин асос сиёсати Ҷумҳурии исломӣ дар баробари музокироти сулҳ дар Афғонистон устувор бар роҳи ҳалҳое аст, ки тамоми гурӯҳҳои дохилӣ дар Афғонистон дар раванди солим ва ва вобаста ба раъйи мардум дар қудрат саҳмгузор шаванд.

 Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳаштумин конфронси вазирони «Қалби Осиё» ,ки чанде қабл дар Истамбули Туркия баргузор шуд, гуфт :Эрон аз раванди сулҳи афғонӣ - афғонӣ таҳти моликият ва ҳидояти афғонистониҳо бо мушорикати тамоми гурӯҳҳо ва ҷиноҳҳои сиёсӣ, аз ҷумла Толибон бо марказияти давлати Афғонистон ҳимоят мекунад.

 Зариф хотирнишон кард, ки мебоист аз ҳар василае, ки дар ихтиёрамон аст барои осонсозии раванди сулҳ дар ростои ҳифзи дастовардҳои конфронси 2001-и Бонн ва ба вежа дар чорчуби Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба унвони пояи маҳкам барои расидан ба ҳар гуна роҳи ҳалли сиёсӣ истифода кунем.

Зариф дар ҳамин хусус дар мусоҳиба бо шабакаи яки телевизиони Афғонистон ҳам гуфт: Мудохилаи бегонагон дар гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон барои Теҳрон қобили қабул нест.

Таҷриба нишон медиҳад Амрико тарафи қобили боварӣ барои барқарории сулҳ дар Афғонистон нест ва то замоне ки дар минтақа ҳузур дорад, минтақа ба оромиш, субот ва амният нахоҳад расид.