Коронавирус чи касонеро бештар таҳдид мекунад?
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i51404-Коронавирус_чи_касонеро_бештар_таҳдид_мекунад
Ашхоси болои 80 сол ва мубталоён ба саратон ва бемориҳои риявӣ бештар дар маърази хатари коронавирус ҳастанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 02, 2020 11:10 Asia/Dushanbe
  • Коронавирус чи касонеро бештар таҳдид мекунад?

Ашхоси болои 80 сол ва мубталоён ба саратон ва бемориҳои риявӣ бештар дар маърази хатари коронавирус ҳастанд.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо; Масъуди Мардонӣ-узви Кумитаи контроли коронавирус дар Эрон гуфт, беҳтарин роҳи пешгирӣ аз коронавирус, худдорӣ аз даст додан бо якдигар ва шустушӯи пайиҳами дастҳо аст.

Вай афзуд, бархе ашхос дар ҳангоми атса ё сулфа дасти худро муқобили даҳон мегиранд ва дасти онҳо олуда ба зарроти танаффусӣ ва олуда мешавад, сипас дасти худро ба сатҳҳои метро ва автобус зада ва мунҷар ба шуюи коронавирус мешаванд.

Мардонӣ гуфт, ин вирус аз назари генетикӣ нав аст ва бисёре аз мардум таҷрибаи бархурд бо онро надоранд, дар натиҷа дар сурате, ки дар маърази он қарор гиранд, эҳтимоли қариб ба яқин ба он мубтало хоҳанд шуд.

Ӯ тасреҳ кард, муҳимтарин роҳи интиқоли коронавирус аз тариқи дасти олуда ва ё интиқоли зарроти атса, сулфа ва обрезиши бинии ашхос ба дигарон аст.

Ин пизишки эронӣ таъкид кард, то кунун дар ин беморӣ маргу мир барои кӯдакони зери 10 сол гузориш нашудааст, аммо ашхоси болои 80 сол ва беморони мубтало ба саратон, бемориҳои риявӣ, қалбӣ ва уруқӣ, СПИД ва ашхосе, ки дар ҳоли химиотерапия ҳастанд, бештар омодаи осеб ва марг бар асари ин беморӣ ҳастанд.