Март 02, 2020 17:54 Asia/Dushanbe
  • Ибрози таассуфи Эрон аз эъмоли хушунат алайҳи мусалмонон дар Ҳинд

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо ибрози таассуф аз давлати Ҳинд гуфт, интишори ахбори эъмоли хушунат алайҳи мусалмонон дар ин кишвар бисёр нигаронкунанда аст.

Пас аз тасвиби лоиҳаи ислоҳи қонуни шаҳрвандӣ дар Ҳинд, хушунати ҳиндуҳо алайҳи мусалмонони ин кишвар ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Сайид Аббоси Мусавӣ дар нишасти хабарӣ, ки ба шакли видеоконфронс баргузор шуд, бо ибрози умедворӣ барои поён ёфтани ҳарчӣ зудтари хушунатҳо алайҳи мусалмонон дар Ҳинд изҳор кард, ин умед бар асоси дирояте аст, ки дар мақомоти ҳиндӣ вуҷуд дорад.

Мусавӣ афзуд, Эрон бо нигаронӣ, ахбори ҷангҳо ва ихтилофоти мазҳабӣ дар Ҳиндро аз тариқи каналҳои расмӣ думбол мекунад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар идома дар хусуси миёнҷигарии Эрон миёни Туркия ва Сурия гуфт, Теҳрон, маконизми Остонаро муҳиммтарин созу кор барои ҳалли ихтилофот дар Сурия медонад ва то ҳусули натиҷа ва бозгашти оромиш ба минтақа пайгириҳояшро идома медиҳад.

Мусавӣ ҳамчунин дар бораи ҳузури низомии Фаронса дар Тангаи Ҳурмуз хотирнишон кард, ҳар гуна ҳузури нирӯҳои бегона дар минтақа мӯҷиби бесуботӣ ва ошуфтагӣ, мешавад ва иқдоме ғайри созандааст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни инки ҳузури нирӯҳои низомии бегона, омили ноамнӣ ва бесуботӣ дар минтақаи ҳассоси Халиҷи Форс аст, таъкид кард, амнияти ин минтақа бо ҳамкорӣ ва ҳамафзоии кишварҳои ҳамсоя ҳосил хоҳад шуд.