Март 02, 2020 18:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Муъминӣ дар 63-умин комиссияи маводи мухаддири СММ дар Вена

Дабири кулли Ситоди мубориза бо маводи мухаддири Эрон дар раъси ҳайате дар 63-умин нишасти Комиссияи маводи мухаддир дар СММ ҳузур ёфт.

Ба гузориши Форс, Козими Ғарибободӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон дар дафтари СММ дар Вена бо ишора ба 63-умин нишасти комиссияи маводи мухаддир, ки аз имрӯз дар Вена оғоз ба кор кард, гуфт, ки Искандар Муъминӣ, дабири кулли Ситоди мубориза бо маводи мухаддир аз сӯи Эрон дар раъси ҳайате дар ин иҷлос ҳузур дорад.

Ба гуфтаи Ғарибободӣ, Муъминӣ зимни суханронӣ дар нишасти мазкур, дар ҳошияи ин иҷлос бо мудири иҷроии дафтари муқобила бо маводи мухаддири СММ, раиси ҳайати байналмилалии контроли маводи мухаддир ва русои бархе ҳайатҳои ҳозир дар иҷлос низ дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.