Гаруси: Эрон ба тааҳҳудоти комили худ зайли БАРҶОМ бозгардад
Мудири кулли Агентии байналмилалии энергияи атомӣ рӯзи сешанбе бидуни ишора ба хурӯҷи ғайриқонунии Амрико аз БАРҶОМ ва бадаҳдиҳо дар қиболи ин тавофуқи байналмилалӣ, аз Эрон хост ба тааҳҳудоти комили худ зайли БАРҶОМ бозгардад.
Рафаэл Гаруси дар мусоҳиба бо Рейтерз муддаӣ шуд, агар Эрон ба тааҳҳудоти комили худ зайли БАРҶОМ брознагардад, "бӯҳрон" эҷод мешавад.
Эрон ба дунболи хурӯҷи якҷониба ва ғайриқонунии Амрико аз БАРҶОМ ( 8 майи соли 2018) талош кард тавофуқи ҳастаиро ба шарти амали дигар тарафҳои ин тавофуқ, ба тааҳҳудоташон ҳифз кунад, аммо то кунун аврупоиҳо ҳеҷ мувафақияте дар иқдомоти амалии ваъдадодашуда барои ҳифзи ин тавофуқ касб накардаанд.
Давлати Эрон якшанбе 5 январи 2020, дар баёнияе, гоми панҷум ва ниҳоии коҳиши тааҳҳудоти Ҷумҳурии исломии Эрон дар БАРҶОМро эълом кард.