Беҳбудии 552 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i51488-Беҳбудии_552_нафар_аз_мубталоён_ба_вируси_корона_дар_Эрон
Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, то кунун 552 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 04, 2020 17:05 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии 552 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон

Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, то кунун 552 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо ишора ба ибтилои 2922 нафар ба вируси корона дар Эрон гуфт, мутаассифона то кунун 92 нафар бар асари ибтило ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд. Паҳншавии вируси корона декабри 2019 аз шаҳри Вуҳани Чин оғоз шуд ва зоҳиран маншаи он ҳайвоноти ғайриаҳлӣ будааст. Ин вирус акнун илова бар 30 устони Чин, ба 81 кишвари дигар низ сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 93 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 50 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва 3218 ҳазор нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.