Октябр 01, 2016 13:12 Asia/Dushanbe
  • Поёни Ҷашнвораи байналмилалии

Чаҳордаҳумин давраи Ҷашнвораи байналамилалии "Филми муқовимат" дар Теҳрон бо паёми дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ва муаррифии филмҳои бартар поён ёфт.

Ба гузориши ИРНА, дар паёми дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ба ин ҷашнвораи байналамилалӣ омада буд: "Бо таваҷҷуҳ ба ҳаҷми зиёди душмани зидди ҷабҳаи муқовимат имрӯз ҳузури чашмгири асҳоби ҳунар ва расона бештар эҳсос мешавад ва тавлидот дар ин арса метавонад ҳаққонияти ин масирро ба исбот бирасонад".

Муҳаммади Хазоӣ, дабири чаҳордаҳумин давраи Ҷашнвораи "Филми муқовимат" шаби ҷумъа дар поёни чаҳордаҳумин Ҷашнвораи "Филми муқовимат" дар Теҳрон афзуд, имсол дар ин ҷашнвора илова бар ҳунармандон аз Эрон ҳунармандон аз 29 кишвари ҷаҳон низ ширкат доштанд. Ӯ тасреҳ кард, ин ҷашнвора ба пойгоҳи филмсозони мустақили дунё табдил шудааст. Дар поёни ин ҷашнвора ба осори бартар дар ҳавзаҳои филми дароз, кӯтоҳ ва филмҳои тасвирӣ ҷоиза эҳдо шуд.

Дар ин ҷашнвора Абдулмалик ал-Ҳавсӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман ба унвони чеҳраи муқовимат дар соли 2016 баргузида шуда, аз теъдоде аз хонаводаҳои шуҳадои муқовимат дар Эрон, Лубнон, Афғонистон, Яман, Сурия ва Покистон қадрдонӣ шуд.

Чаҳордаҳумин давраи Ҷашнвораи "Филми муқовимат" аз 23 то 30 сентябр дар Пардиси синамои миллати Теҳрон баргузор шуд.