Октябр 01, 2016 13:31 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар якқадамии пайвастан ба Иттиҳоди Авруосиё

Ҷонишини Комиссияи муштараки ҳамкориҳои Эрону Русия гуфт, Эрон дар якқадамии пайвастан ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё қарор дорад.

Ба гузориши ИРНА, Маҳдии Муҳташамӣ, ҷонишини раиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои Эрону Русия таъкид кардааст, бо пайвастани Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Иттиҳоди Аруосиё бахши зиёде аз мушкилоти содиркунандагон, бахусус тарофаи гумрукӣ барои содироти коло ба кишварҳои узв ҳал мешавад.

Муҳташамӣ бо баёни ин ки ба сифр расонидани тарофаи гумрукӣ байни Эрону Русия бидуни мувофиқати Иттиҳоди Авруосиё имконпазир нест, афзуд, бештари кишварҳои узви Иттиҳоди Авруосиё, бахусус Русия, Беларусия ва Арманистон, аз аъзои аслии ин иттиҳод ба дохил шудани Эрон мувофиқ ҳастанд.

Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё (Eurasian Economic Union) аз ибтидои январи соли 2015 фаъолияти худро ба таври расмӣ оғоз кард. Ин иттиҳодро Русия, Беларусия, Қазоқистон ташкил карда, Қирғизистону Арманистон низ баъдан ба он шомил шуданд.