Беҳбудии беш аз 700 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, токунун 739 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобит умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба ибтилои 3513 нафар ба вируси корона дар кишвар гуфт, муттаассифона токунун 107 нафар бар асари ибтило ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд.
Густариши вируси корона декабри 2019 аз шаҳри Вуҳони Чин оғоз шуд ва зоҳиран сарчашмаи он, ҳайвоноти ғайроҳлӣ будааст.
Ин вирус акнун илова бар 30 устони Чин ба 86 кишвари дигар низ сироят кардааст.
Бар асоси охирин омор, токунун беш аз 96 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 53 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва 3288 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.