Медалҳои рангини мусобиқоти ҷаҳонии Таиланд дар дастони ихтироъкорони эронӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i51527-Медалҳои_рангини_мусобиқоти_ҷаҳонии_Таиланд_дар_дастони_ихтироъкорони_эронӣ
Тими ихтирооти Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии ихтироот ва технологиҳои навин дар Таиланд, муваффақ ба касби 4 медали тило ва нуқра шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Март 06, 2020 18:40 Asia/Dushanbe
  • Медалҳои рангини мусобиқоти ҷаҳонии Таиланд дар дастони ихтироъкорони эронӣ

Тими ихтирооти Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии ихтироот ва технологиҳои навин дар Таиланд, муваффақ ба касби 4 медали тило ва нуқра шуд.

Аъзои тими ихтирооти донишомӯзӣ ва донишҷӯии Эрон бо ширкати 10 ихтироъкор ва дарёфти 2 медали тило, 2 нуқра, касби ду ҷоизаи вижа ва касби дипломи ифтихор аз мусобиқоти ҷаҳонии донишгоҳии Донишгоҳи миллии кишвари Таиланд ва касби унвони тарҳи бартари ҷаҳонӣ аз KIPA-и Кореяи Ҷанубӣ, тавоноии илмии худро ба намоиш гузоштанд.

Дар ин мусобиқот кишварҳои Амрико, Олмон, Англия, Фаронса, Хорватия, Тайван, Ҳинд, Малайзия, Арабистон, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон бо ду ҳазор ихтироъкор бо ҳам рақобат карданд.