Март 07, 2020 19:35 Asia/Dushanbe
  • Пешгирии Амрико аз интиқоли дору ба Эрон барои дармони беморони коронавирус

Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар умури байналмиллал эълом кард, Вазорати хазонадории Амрико иҷоза намедиҳад дору ва таҷҳизоти пизишкии харидоришудаи Эрон барои дармони беморони мубтало ба коронавирус ба ин кишвар интиқол ёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар умури байналмиллал дар саҳифаи Твиттери  худ бо таъкид бар ин ки мақомоти Кохи Сафед, мардуми Эронро ҳадаф қарор додаанд тасреҳ кард, мақомоти Амрико ба рушанӣ дурӯғ мегӯянд ва ҳеҷ таълиқе дар таҳримҳои инсонӣ сурат нагирифтааст.

Саидаббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон низ пеш аз ин иддаои Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико бар асоси ирсоли кӯмакҳои беҳдоштӣ ва дармонӣ ба Эронро ҳаракате таблиғотӣ ва риёкорона хонд ва таъкид кард, ин иддао бо ғаразҳои сиёсӣ ва барои фиреби афкори умумии ҷаҳониён сурат гирифтааст.

Бино бар эъломи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон то кунун мавориди ибтилои қатъӣ ба коронавирус дар Эрон ба 5 ҳазору 823 нафар ва фавти бархоста аз он ба 145 нафар расидааст.

 

Барчасп