Солрӯзи вилодати имом Алӣ (а) хуҷаста бод
Фардо якшанбе сездаҳумин моҳи раҷаби соли 1441 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо ҳаштуми марти 2020 ва ҳаҷдаҳуми исфанди 1398 Солрӯзи пешвои парҳезкорон ва мавлои орифон ҳазрати амири муъминон Алӣ (а) аст.
Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (а) дар сездаҳумин моҳи раҷаб мутаваллид шуд, дар ҳоле. ки девори хонаи Каъба ба рӯи модарашон Фотима бинти Асад шикофт ва он бонуи бузургвор барои таваллуди фарзандаш меҳмони хонаи Каъба шуд ва ин фазилате аст, ки на пеш аз Алӣ (а) ва на пас аз ӯ ба ҳеҷ кас дода нашудааст.
Имом Алӣ (а) аз даврони кӯдакӣ то навҷавонӣ дар канори паёмбари бузурги Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) рушд ва парвариш ёфтанд ва аз тарбияти илоҳии ишон баҳраманд шуданд.
Ишон нахустин марде буданд, ки ба расули Худо (с) имон оварданд ва дар ҳамаи мароҳили таблиғ ва тарвиҷи дини мубини ислом, аслитарин ёвари ҳазрати Муҳаммад (с) ба шумор мерафтанд ва дар ин роҳ рашодатҳо ва азҷонгузаштагиҳои бисёре аз худ нишон доданд.
Имом Алӣ (а) дар даврони сисолаи имомат ва низ чаҳор солу нуҳ моҳ халофат бар ҷомеаи мусулмонон улгӯи беҳамтои адолат, меъёри ҳаққу ойинаи тамомнамои сайра ва суннати расули Худо (с) буданд.
Дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон Солрӯзи вилодати имом Алӣ (а) (Рӯзи падар) номгузорӣ шудааст ва ба ин муносибат саросари Эрони исломӣ шодмонӣ ва сурур аст.
Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани солрӯзи валодати шери Худо ва пешвои покон ва адолахоҳони ҷаҳон ҳазрати имом Алӣ (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва дӯстдорони он ҳазрат табрик мегӯяд.