Беҳбудии беш аз 2100 нафар аз мубталоён ба бемории коронавирус дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i51579-Беҳбудии_беш_аз_2100_нафар_аз_мубталоён_ба_бемории_коронавирус_дар_Эрон
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: То кунун 2134 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба бемории коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 08, 2020 13:37 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии беш аз 2100 нафар аз мубталоён ба бемории коронавирус дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: То кунун 2134 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба бемории коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба ибтилои 6566 нафар ба коронавирус дар кишвар гуфт: Мутаассифона то кунун 194 нафар бар асари ибтило ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд.

Хурӯҷи бемории коронавирус декабри соли 2019 аз шаҳри Вуҳани Чин оғоз шуд ва зоҳиран маншаи он, ҳайвоноти ғайриаҳлӣ будааст.

Ин вирус акнун илова бар Чин, ба 103 кишвари дигар низ сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 106 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод, беш аз 60 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва ҳудуди 3600 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.