Март 11, 2020 18:18 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз дурбинҳои ҳушманди ҳароратии сохти Эрон барои ғарболгарии беморони корона

Мутахассисони санъати дифоии Эрон муваффақ шуданд, дурбинҳои ҳушманди ҳароратии вижаи ғарболгарии беморони вируси коронаро тавлид ва пас аз тести муваффақиятомез дар даҳҳо маркази пуртараддуд мавриди истифода қарор доданд ва қарор аст ба марҳалаи тавлиди анбӯҳ бирасонанд.

Амири сартип Шоҳрухи Шаҳром, мудири ширкати саноеи электронии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар маросими рӯнамоӣ аз дурбинҳои ҳушманди ҳароратӣ гуфт, ҳамзамон бо паҳншавии бемории корона, мутахассисони санъати дифоии Эрон бо басиҷи тамоми зарфиятҳои илмӣ ва баҳрагирӣ аз саррези фанновариҳои дифоӣ, муваффақ ба тарроҳӣ ва тавлидм дурбинм пешрафта ва ҳушманд бо фанноварии комилан бумӣ шуданд.

Сартип Шаҳром диққати болои андозагирии камтар аз ним дараҷаи сонтиградро аз мазиятҳои ин сомонаи бумӣ номид ва афзуд, суръати амал дар ташхиси дараҷаи ҳарорати бадани афрод ба сурати лаҳзаӣ ва ташхису шиносоии ҳамзамони чанд нафар, аз вижагиҳои ин дурбин аст.

Мудири ширкати саноеи электронии Эрон бо баёни ин ки тавлиди ин дурбинҳо то кунун дар инҳисори чанд кишвар, аз ҷумла Амрико, Ҷопон ва Чин будааст, гуфт, дурбинҳои ҳушманди ҳароратии сохти Эрон аз назари кайфият бо маҳсулоти хориҷӣ қобили рақобат аст ва тавлиди ин маҳсул бо қиматҳои бисёр пойинтар аз намунаҳои хориҷӣ муҷиби сарфаҷӯии арзӣ дар Эрон шудааст.

Сартип Шаҳром бо баёни ин ки ҳамакнун ин дурбинҳо дар чанд фурудгоҳи Эрон насб ва роҳандозӣ шуда ва амалкарди ин дурбинҳо муваффақиятомез будааст, хотирнишон кард, пеш аз ин низ Вазорати дифои Эрон гомҳои арзишманде дар тавлиди кейтҳои ташхиси корона, тавлиди анбӯҳи маводи зиддиуфуникунанда, ниқобҳои филтердор, тавлиди либосҳои фишормусбат, ёрии таъҷилӣ ва тахти вижаи беморони мубтало ба ин вирус бардоштааст.