Март 12, 2020 12:12 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Русия дар ҷустуҷуи роҳҳои тавсиъаи тарози тиҷорӣ

Сафири Эрон дар Маскав дар ростои ёфтани роҳҳои нав барои рушд ва тавсиъаи чашмгири тарози тиҷории Эрон ва Русия бо раиси утоқи санъат ва бозаргонии ин кишвар, табодули назар ва гуфтугу кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои хуросон, Козим Ҷалолӣ ва Сергей Катирин дар ин дидор зимни баррасии мушкилоти мавҷуд дар масири густариши робитаҳои тиҷории Эрон ва Русия,роҳҳои тавсиъаи ҳамкориҳо байни бахши хусусии ду кишварро мавриди баҳс ва табодули назар қарор доданд.

Ҷалолӣ дар ин дидор зимни ишора ба сатҳи кунунии робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ,хостори ҷидияти бештари бахши хусусии ду кишвар барои баҳрагирӣ аз иродаи раҳбарон ва имконоти эҷодшуда тавассути давлатҳо барои афзоиши ҳарчи бештари табодулоти иқтисодии ду кишвар шуд.

Сафири Эрон дар Маскав ҳамчунин зимни ишора ба аҳамияти ҳамкориҳои устонии Эрон ва русия ва таваҷуҳи вижаи мақомоти олирутбаи ду кишвар бар ин муносибатҳо, ин ҳамкориҳоро як мавқеияти арзишманд барои бахши хусусии ду тараф барои истифода аз зарфиятҳо ва бозори манотиқи мухталифи ду кишвар номид ,ки бояд аз он истифода кард.

Катирин раиси утоқи санъат ва бозоргонии Русия низ дар ин дидор зимни ишора ба алоқаи тоҷирон ва бозаргонони русӣ барои ҳамкори ва ҳузур дар бозори Эрон ба унвони як бозори бузург ва дорои заминаҳои фаровони ҳамкори, бозори Русияро низ комилан боз ва муштоқ барои истифода аз колоҳои эронӣ донист ва хоҳони афзоиши ҳузури фаолони бахши хусусӣ ва тиҷирҳои эронӣ дар ин бозор шуд.