Март 13, 2020 18:58 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии беш аз 3 ҳазору 500 нафар аз мубталоёни корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, то кунун 3 ҳазору 529 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнӯши Ҷаҳонпур, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи ҷумъа дар ҷамъи хабарнигорон, бо ишора ба ибтилои беш аз 11 ҳазор нафар ба вируси корона дар Эрон гуфт, мутаассифона то кунун 514 нафар бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Вируси корона нахустин бор дар шаҳри Вуҳони Чин шиносоӣ шуд ва акнун илова бар Чин, ба беш аз 130 кишвар низ сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 135 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 70 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва ҳудуди 5 ҳазор нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.