Размоиши артиши Эрон барои пешгирӣ аз шуюи коронавирус
(last modified Sun, 15 Mar 2020 10:01:22 GMT )
Март 15, 2020 15:01 Asia/Dushanbe
  • Размоиши артиши Эрон барои пешгирӣ аз шуюи коронавирус

Размоиши пешгирӣ ва пойиши шуюи коронавирус имрӯз ба ҳиммати қароргоҳи падофанди зистии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, размоиши  пешгирӣ ва пойиши шуюи коронавирус таҳти контрол ва фармондеҳии падофанди  зистии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ба фармондеҳии амир дарёдор Ҳабибуллоҳ Сайёрӣ ва бо меҳварияти нерӯи заминии артиш анҷом мешавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи муаззами кулли қуво панҷшанбешаб бо судури фармоне ба сардор сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон бо таҷлил аз хадамоти нерӯҳои мусаллаҳ ба мардум дар заминаи муқобила бо коронавирус ба лузуми созмондиҳии ин хадамот дар қолиби як қароргоҳи беҳдоштӣ ва дармонӣ барои пешгирӣ аз шуюи бештари ин беморӣ таъкид карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ тасреҳ карданд, ин иқдом бо таваҷҷуҳ ба шавоҳиде, ки эҳтимоли ҳамлае биологик будани ин рӯйдодро матраҳ кардааст, метавонад размоиши дифои биологик низ дошта бошад ва бар иқтидор ва тавони миллӣ бияфзояд.