Беҳбудии ҳудуди 5 ҳазор нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон
(last modified Sun, 15 Mar 2020 12:53:03 GMT )
Март 15, 2020 17:53 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 5 ҳазор нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: То кунун 4 ҳазору 790 нафар аз касоне, ки дар Эрон коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, рӯзи якшанбе дар ҷамъи хабарнигорон, бо ишора ба ибтилои 13938 нафар ба коронавирус дар Эрон гуфт: Мутаассифона, то кунун 724 нафар бар асари ибтило ба ин вирус ҷони худро аз даст додааанд.

Ҳамзамон бо иқдомоти пепшгирона ва дармонии давлати Эрон бо кӯмаки нерӯҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афроди дар тамсос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (карантин)  ва дармони афроди мубтало ба коронавирус бо ҳамроҳии ҳамаи қишрҳои мардуми Эрон, ба суръат дар ҳоли анҷом аст.

Бар асоси охирин омор, то алъон беш аз 157 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод ҳудуди 76 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва дастикам 5 ҳазору 800 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

 

Барчасп