Март 16, 2020 09:48 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Басиҷи миллии мубориза бо коронавирус таҳдидро ба фурсат табдил мекунад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо қадрдонӣ аз талошҳои Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон барои пешгирӣ ва муқобила бо коронавирус, бар лузуми иҷрои тадбирҳои Ситоди миллӣ ва Вазорати беҳдошти Эрон барои пешгирӣ аз густариши беморӣ таъкид кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме бо баёни инки тарҳи Басиҷи миллии мубориза бо коронавирус дар Эрон, балоро ба неъмат ва таҳдидро ба фурсат табдил хоҳад кард тасреҳ карданд, тарҳи Басиҷи миллии мубориза бо коронавирус , ки дорои пуштвонаи илмӣ ва ҳамроҳ бо ангезаҳои динӣ ва ҷиҳодӣ ва инсонӣ аст, тарҳе коромад аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём барои вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ва ҳамкоронаш тавфиқ ва подош масъилат карданд.

Ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кӯмаки нерӯҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии ашхоси дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (карантин) ва дармони ашхоси мубтало ба коронавирус бо ҳамроҳии ҳамаи қишрҳои мардуми Эрон ба суръат дар ҳоли анҷом аст.

Бино бар эъломи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон то кунун  аз маҷмӯи 13 ҳазору 938 нафаре, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, 4 ҳазору 790 нафари онҳо беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудааст.