Бумӣ шудани дониши тавлиди микроскопҳои нерӯи атомӣ дар Эрон
Нахустин бор дар Эрон, муҳаққиқони ширкати донишбунёни эронии Оропажуҳиш муаввақ ба тавлиди дастгоҳи микроскопи нерӯи атомӣ ва наноскопҳои энержии атомӣ шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бумӣ шудани дониши сохти наноскопи атомӣ ба дасти муҳаққиқони ҷавони эронӣ дар ҳолест, ки дониши сохти ин таҷҳизот пеш аз ин танҳо дар ихтиёри кишварҳои Амрико, Русия, Англия, Олмон, Дания ва Швейтсария қарор дошт.
Наноскопи атомӣ дар технологияҳои нано дар заминаҳои пизишкӣ, муҳандисӣ, зисти технологӣ, генетик ва потологӣ истифода мешавад.
Саидаббоси Шоҳмуродӣ, мудири омили ширкати донишбунёни Оропажуҳиш дар бораи навъи фолият ва тавлидоти ин ширкат гуфт, микроскопи нерӯи атомӣ (AFM) барои баррасии хосиятҳо ва сохтори сатҳии мавод дар буъдҳои нанометрӣ ба кор меравад.
Шоҳмуродӣ ҳамчунин бо ишора ба маҳсули нави ин ширкат афзуд, микроскопи электроникӣ бо вазни беш аз 2 тонна, маҳсули наве аст, ки ахиран дар ин ширкат тарроҳӣ ва тавлид шудааст, дониши он пештар фақат дар ихтиёри ду кишвари Амрико ва Жопон буд.
Шоҳмуродӣ гуфт, тамомии ин таҷҳизот пеш аз ин комилан воридотӣ будааст.