Март 16, 2020 16:29 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли кӯмакҳои башардӯстонаи ҷаҳонӣ ба Эрон

Кишварҳои мухталиф кӯмакҳои башардӯстонаи беҳдоштӣ ва пизишкиро ба манзури мубориза бо шуюи коронавирус ба Эрон ирсол карданд.

Ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Эрон, кӯмакҳои инсондӯстонаи Узбакистон шомили колоҳои беҳдоштӣ ва дармонӣ имрӯз ба Эрон ирсол шуд.

Пеш аз ин низ Чин, Туркия, Иморот, Олмон, Фаронса, Англия, Жопон, Қатар, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Русия ва ҳамчунин Созмони умумиҷаҳонии  тандурустӣ барои муқобила бо шуюи коронавирус ба Эрон кӯмакҳои инсондӯстона карда буданд.

Бино бар эъломи Вазорати тандурустӣ, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, то кунун аз маҷмӯи 13 ҳазору 938 нафаре, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, 4 ҳазору 790 нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Коронавирус, ки номи расмии он Ковид-19 аст, охирҳои соли гузашта (2019) дар шаҳри Вуҳани Чин шиносоӣ шуд.

Ин вирус акнун илова бар Чин ба беш аз 150 кишвари дигар низ сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 170 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва беш аз 6 ҳазор нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.