Қадрдонии Эрон аз кӯмакҳои ирсолӣ барои муқобила бо коронавирус
(last modified 2020-03-17T11:12:52+00:00 )
Март 17, 2020 16:12 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Эрон аз кӯмакҳои ирсолӣ барои муқобила бо коронавирус

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон аз кӯмакҳои ирсолии Узбакистон, Иморот ва Сандуқи кӯдакони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) барои муқобила бо коронавирус қадрдонӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саидаббоси Мусавӣ- сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер бо ишора ба ирсоли чандин тонна таҷҳизоти пизишкӣ аз Узбакистон, Иморот ва ЮНИСЕФ барои муқобила бо шуюи коронвирус дар Эрон, навишт: ҷумҳурии исломӣ, ҳаргиз онҳое, ки дар ин шароити сахт ва душвори Эронро бо иқдомоти инсондӯстонаи худ ҳамроҳӣ карданд, фаромӯш нахоҳад кард. 

Рӯзи душанбе се маҳмулаи кӯмак шомили колоҳои беҳдоштӣ ва дармонӣ аз сӯи ЮНИСЕФ, Узбакистон ва Иморот барои муқобила бо коронавирус ба Эрон ирсол шуд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон пеш аз ин эълом карда буд, ки илова бар кӯмакҳои Чин, Туркия, Олмон, Фаронса ва Англис, кӯмакҳои нақдӣ ва таҷҳизоти пизишкӣ аз Жопон, Қатар, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Русия дарёфт шудааст.  

Бино бар эъломи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон то кунун аз маҷмӯи 14 ҳазору 991 нафаре, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, 4 ҳазору 996 нафари онҳо беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд ва 853 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.