Рӯҳонӣ: Ифтитоҳи тарҳҳои бузург дар Эрон, силии муҳкаме ба абарқудрати мутаҷовиз буд
(last modified Wed, 18 Mar 2020 12:43:22 GMT )
Март 18, 2020 17:43 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ифтитоҳи тарҳҳои бузург дар Эрон, силии муҳкаме ба абарқудрати мутаҷовиз буд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ифтитоҳи тарҳҳои бузурге ҳамонанди мушакҳои исобаткарда ба пойгоҳи амрикоӣ дар Ироқ, силии муҳкаме ба абарқудрати мутаҷовиз буд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, рӯзи чаҳоршанбе дар ҳошияи ҷаласаи ҳайати давлат дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба пешрафтҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар як соли гузашта дар заминаи кишоварзӣ, санъат, обу барқ, роҳсозӣ, нафт ва петрошимӣ афзуд, барои аввалин бор тавлиди гази Эрон ба ҳазор миллион метри мукааб дар рӯз расид, ки ин иқдом ҷумҳурии исломиро ҷузви кишварҳои пешрафта дар заминаи тавлиди газ қарор додааст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идома бо баёни ин ки давлат тамоми талоши худро барои мудирияти бемории круно дар кишвар анҷом медиҳад, тасреҳ кард, мардум дар бархе кишварҳои аврупоӣ бар сари як дастмолкоғазӣ даъво мекунанд, аммо бо вуҷуди шароити сахти таҳримӣ, маводи ғизоӣ ва колоҳои асосӣ барои мардуми Эрон таъмин шудааст.

Рӯҳонӣ бо қадрдонӣ аз талоши ҷомеаи пизишкии Эрон дар мубориза бо шуюъи вируси круно дар кишвар таъкид кард, тамоми дастгоҳҳои иҷроии давлатӣ ва хусусӣ дар саросари Эрон ба ҳамроҳи нерӯҳои мусаллаҳ дар ҳоли хидматрасонӣ ба мардум ва ҷилавгирӣ аз шуюъи ин вирус ҳастанд.

Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин аз тимбери ёдбуди талошгарони хатти муқаддами мубориза бо вируси круно бо унвони «қаҳрамонони ватан» рӯнамоӣ кард.