Март 19, 2020 23:23 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 6000 нафар аз мубталоён ба коронавирус

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: То кунун 5 ҳазору 979 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Алиризо Раисӣ, муовини вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба ибтилои 18 ҳазору 407 нафар ба коронавирус дар Эрон гуфт: Мутаассифона, то кунун 1284 нафар бар асари ибтило ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд.

Ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кӯмаки нерӯҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афроди дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (карантин) ва дармони афроди мубтало ба вируси корона бо ҳамроҳии ҳамаи қишрҳои мардуми Эрон басуръат дар ҳоли анҷом аст.

Коронавирус, ки номи расмии он COVID-19 аст, охирҳои соли гузашта (2019) дар шаҳри Вуҳани Чин шиносоӣ шуд.

 

Барчасп