Март 20, 2020 18:20 Asia/Dushanbe
  • Табрики раисҷумҳури Эрон ба Раҳбари муаззами инқилоб

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, фаро расидани соли 1399 ҳиҷрии шамсиро ба Раҳбари муаззам табрик гуфтанд.

Ҳасан Рӯҳонӣ дар ин гуфтугӯи телефонӣ, ки дар оғози соли ҷадид анҷом шуд, зимни табрики соли нав ва орзӯи саломатӣ ва тӯли умр барои Раҳбари инқилоб, таъкид кард, ки алорағми ҳамаи тавтиаҳои душманон, талош хоҳад шуд, ки соли 99 соли ҳалли мӯъзалот ва ифтитоҳи тарҳҳои бузург, эҷоди равнақ бо кӯмаки ҳамаи мардум дар бахшҳои иқтисод ва фарҳанг ва соли таҳаввул дар зиндагии мардум бошад.

Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин ибрози умедворӣ кард: Бо инояти Валии аср (аҷ) ва ба пуштивонаи миллат ҳамон тавр, ки аз ҳаводисии талх ва душвор дар соли гузашта убур кардем, аз душвориҳо ва ранҷ ва дарди мардум дар бемории коронавирус низ убур карда ва соли ҷадид соли саломат, фаъолият ва равнақи иқтисодӣ ва зиндагии беҳтар ва ҷуброни сахтиҳо бошад.