Беҳбудии 7 ҳазор нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон
(last modified Fri, 20 Mar 2020 13:44:09 GMT )
Март 20, 2020 18:44 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии 7 ҳазор нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон

Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард: То кунун 6 ҳазору 745 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Алиризо Раисӣ, муовини вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эорн рӯзи ҷумъа дар ҷамъи хабарнигорон бо иршора ба ибтилои 19 ҳазору 644 нафар ба коронавирус дар Эрон гуфт: Мутаассифона, то кунун 1433 нафар бар асари ибтило ба ин виркус ҷони худро аз даст додаанд.

Ҳамзааомн бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кӯмаки нерӯҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афроди дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (карантин) ва дармони афроди мубтало ба коронавирус, бо ҳамрорҳии ҳамаи қишрҳои мардуми Эрон ба суръат дар ҳоли анҷом аст.

Коронавирус, ки номи расмии он COVID-19 аст, охирҳои соли гузашта (2019) дар шаҳри Вуҳани Чин шиносоӣ шуд.