Табрики наврӯзии сафири Эрон дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i51955-Табрики_наврӯзии_сафири_Эрон_дар_Тоҷикистон
Сафири Эрон дар Тоҷикистон Наврӯзро ба шаҳрвандони тоҷик табрик гуфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 20, 2020 22:01 Asia/Dushanbe
  • Табрики наврӯзии сафири Эрон дар Тоҷикистон

Сафири Эрон дар Тоҷикистон Наврӯзро ба шаҳрвандони тоҷик табрик гуфт.

Ба нақл аз Спутник, Муҳаммадтақии Собирӣ гуфт: Дар остонаи таътилоти бостонии Наврӯз, намоде аз зеботарин давраи табиат ва ҳастӣ - баҳорро бо самимият ба ҳамватанони эронӣ ва ҳам бародарони мӯҳтарами тоҷик табрик мегӯям.

Сафир хотирнишон кард: Наврӯз мазҳар ва намоди бозтоб, хирад ва таваллуди дубора аст ва бар асоси он чи дар тӯли таърих ҳифз шудааст, барпо аст.

Собирӣ гуфт: Ин рӯзҳо, ки коронавируси мухарриб бештари кишварҳои ҷаҳонро таҳти таъсир қарор додааст, аз худованди муттаол мехоҳам, ки ҳар чи зудтар ин бемории уфуниро аз байн бибарад ва суботу саломатӣ ҳамаи мардумро бозёбад.