Беҳбудии ҳудуди 8000 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон
Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард: То кунун 7 ҳазору 635 нафар касоне, дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи шанбе дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба ибтилои 20 ҳазору 610 нафар ба коронавирус дар Эрон гуфт:
Мутаассифона, бо ҷон бохтани 123 нафар ази беморон дар як рӯзи гузашта, маҷмӯи даргузаштагон бар асари ин беморӣ дар кишвар ба 1556 нафар расид.
Ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кӯмаки нерӯҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афроди дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (карантин) ва дармони афроди мубтало ба коронавирус, бо ҳамроҳии ҳамаи қишрҳои мардуми Эрон басуръат дар ҳоли анҷом аст.