Ҳаниа дар тамоси телефонӣ бо Зариф: Таҳримҳои Амрико золимона аст
Раиси Дафтари сиёсии Ҳамос дар тамоси телефонӣ бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, таҳримҳои зиддиэронии Амрикоро маҳкум кард.
Исмоил Ҳаниа дар ин тамоси телефонӣ, зимни маҳкум кардани таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон таъкид кард, ин таҳримҳо золимона аст ва бояд лағв шавад.
Ҳаниа ҳамчунин ҳамбастагии миллати Фаластинро бо Эрон дар муқобила бо коронавирус эълом кард.
Зариф низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ хостори лағви муҳосираи борикаи Ғазза ва озодии зиндониёни фаластинӣ дар банди режими саҳюнистӣ дар замони кунунӣ, ки коронавирус ҷони онҳоро таҳдид мекунад, шуд.
Вазорати хориҷаи Русия низ рӯзи шанбе дар баёнияе хостори лағви таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон, бо таваҷҷӯҳ ба хурӯҷи коронавирус дар Эрон шуда буд.