Беҳбудии ҳудуди 8400 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i51988-Беҳбудии_ҳудуди_8400_нафар_аз_мубталоён_ба_коронавирус_дар_Эрон
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, то кунун 8376 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 23, 2020 14:09 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 8400 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, то кунун 8376 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнуши Ҷаҳонпур,сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба ибтилои 23049 нафвар ба коронавирус дар ин кишвар гуфт: Мутаассифона, бо ҷон бохтани 127 нафар аз беморон, маҷмӯи даргузаштагон бар асари ин беморӣ дар кишвар ба 1812 нафар расидааст.

Бар аоси охирин омор, то кунун ҳудуди 343 000 нафар дар ҷаҳон, ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод, беш аз 99 000 нафар беҳбуд ёфта ва дастикам 14 000 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.