Март 23, 2020 21:46 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Чин бар лағви таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрон

Намояндаи Чин дар Созмони Милал бар идомаи талошҳо барои лағви таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрон таъкид кард.

Ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Жонг Ҷун рӯзи душанбе дар паёми твиттерӣ навишт: Тадовуми таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрон, он ҳам дар шароите, ки коронавирус хурӯҷ пайдо карда, мояи бештари ранҷи мардуми Эрон аст.

Сафири Чин дар Созмони Милал афзуд: Таҳримҳои якҷонибаи Амрико вазъиятро дар Эрон вахимтар кардааст.

Пештар Вазорати хориҷаи Русия низ рафторҳои зиддиэронии Амрикоро дар чунин шароити бӯҳроӣ ғайриинсонӣ хонда буд.

 

Барчасп