Таъкиди Ҷаҳонгирӣ бар кумак ба селзадагони вилоятҳои Форс, Бушеҳр ва Кирмон
Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон зимни дарёфти гузориши охирин вазъияти сел ва обгирифтагӣ дар вилоятҳои Форс, Бушеҳр ва Кирмон (дар марказ ва ҷануби Эрон) аз устондорони ин устонҳо хост бо ба коргирӣ ва басиҷи ҳамаи имконот ва зарфияти устон, тамоми талоши худро барои кӯмак ба селзадагон, рафъи обгирифтагии хиёбонҳо ва ҷилавгирӣ аз бурузи хасоратҳои бештар ба кор гиранд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ- муовини аввали раисиҷумҳур субҳи имрӯз (сешанбе) дар тамоси телефонӣ бо устондорони Форс, Бушеҳр ва Кирмон, басиҷи имконот ва омодабоши комили нерӯҳои ёрирасони устон то оддӣ шудани вазъиятро зарурӣ донист ва бар лузуми анҷоми иқдомот ва тамҳидоти лозим барои коҳиши хасоратҳо ва осеб ба зерсохтҳо ва манзилҳои мардум таъкид кард.
Муовини аввали раисиҷумҳур ҳамчунин дар ин тамосҳои телефонӣ аз охирин теъдоди мубталоён, беҳбудёфтагон ва ҷонбохтагони бемории коронавирус мутталеъ шуд ва дар ҷараёни иқдомоти суратгирифтаи ин се устон барои пешгирӣ, мудирият ва муқобила бо коронавирус қарор гирифт.
Устондорони Форс, Бушеҳр ва Кирмон низ дар ин тамосҳои телефонӣ, зимни ироаи гузориш аз охирин вазъияти хасороти бархоста аз сел ва иқдомоти ин вилоятҳо барои пешгирӣ аз бурузи хасоратҳо ва кӯмак ба селзадагон, ба ироаи тавзеҳот ба муовини аввали раисиҷумҳур дар хусуси охирин иқдомот барои пешгирӣ, мудирият ва муқобила бо бемории коронавирус ва охирин вазъияти тандурустӣ ва дармонии вилоятҳои матбуи худ пардохтанд.