Март 24, 2020 15:44 Asia/Dushanbe
  • Буҳрони коронавирус; Амрико монеае дар баробари мубориза бо КОВИД-19

Вазири умури хориҷаи Эрон бо қадрдонӣ аз пӯйиши ҷаҳонӣ барои бекор кардани таҳримҳои ғайриқонунии Амрико зидди Эрон изҳор кард: Амрико монеи муборизаи ҷаҳонӣ бо вируси КОВИД-19 аст.

Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи душанбе дар Твитер бо баёни ин ки Амрико дар баробари муқобилаи ҷаҳонӣ бо коронавирус монеатарошӣ мекунад, навишт: Танҳо роҳиҳал, истодагӣ дар баробари рӯйкарди танбеҳҷамъии Амрико аст.  

Корона вирусе бидуни марз ва ҷаҳонӣ аст ва дар ҳар навъ иқдоми кишварӣ дар мубориза бо ин вирус, паёмади ҷаҳонӣ дорад. Эрон ба сабаби таҳримҳои золимонаи Амрико бо мушкилоте барои мубориза бо вируси КОВИД-19 рӯбарӯ аст ва дар натиҷа, бар кайфияти муборизаи ҷаҳонӣ бо ин вирус таъсир мегузорад.  Амрико бо иқдомоти  якҷониба ва таҳрими дору ва таҷҳизоти пизишкӣ амалан дар фароянди мубориза бо коронавирус дар Эрон монеатарошӣ мекунад, ки ин иқдоми давлати Амрико ҳам сабаби ҷонбохтани шуморе аз мардуми бегуноҳи Эрон шудааст ва ҳам дар фароянди муборизаи ҷаҳонӣ бо вируси КОВИД-19 халал ворид мекунад.

Ҳамагирии вируси КОВИД-19 дар пайи шуюи ин вирус дар ҳудуди 190 кишвари ҷаҳон, аҳамият ва таваҷҷуҳ ба асли ҳамбастагии ҷаҳониро барои мубориза бо ин вируси кушанда гӯшзад мекунад. Дар чунин шароите; анҷоми иқдомоти амалӣ ва ахлоқӣ дар ҷаҳон зарурӣ аст, аммо акнун ҳамкории чанд кишвар аз ҷумла Эрон, Чин ва Русия, нишон медиҳад бархе кишварҳо дар амал вориди фароянди муборизаи ҷаҳонӣ бо коронавирус нашуданд. 

Дар ҳамин замина Михаил Улиянов, намояндаи Русия назди созмонҳои байналмиллалӣ дар Вена, рӯзи душанбе бо интиқод аз тадовуми таҳримҳои Амрико зидди Эрон дар Твиттер навишт: Бо таваҷҷуҳ ба ҳамагирии вируси КОВИД-19 чаро фақат Русия, Чин ва Куба дар ин шароити сахт ба Италия кӯмак мекунанд? Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико куҷо ҳастанд? Дар ҷаҳони имрӯз эроде вуҷуд дорад.  

Рафтори бархе кишварҳои аврупоӣ дар қиболи Эрон, ки ин рӯзҳо дар хатти муқаддами мубориза бо вируси ҷаҳонии корона қарор дорад, нишонае аз таъйиди иқдомоти зиддиэронии Амрико дорад, ки амалан ин рафторҳо монеае дар баробари мубориза бо коронавирус аст.

Эрон дар авҷи мубориза бо бемории коронавирус, илова бар дарёфти кӯмакҳои пизишкӣ аз кишварҳои дӯст монанди Чин, бо истифода аз ҳамаи зарфиятҳои пизишкии худ ва иҷрои дақиқи протоколҳои беҳдоштӣ, тавонистааст бемории коронавирусро мудирият кунад.  

Омори эъломии рӯзонаи Ситоди миллии мубориза бо коронавирус дар Эрон нишон медиҳад, бо иҷрои дақиқи барномаҳои миллӣ, басиҷи ҳамаи имконот дар бахши давлатӣ ва низомӣ ва аз ҳама муҳимтар ҳамроҳии мардум, чашмандози мубориза бо коронавирус дар Эрон рушан аст. 

Таҷрибаи таърихии 8 сол ҷанги таҳмилии режими баъси Саддом бо Эрон, пеши рӯи ин рӯзҳои эрониён аст ва бо муҷоҳидат ва фидокории пизишкон ва мудофеони саломат, пирӯзии Эрон дар баробари вируси кушандаи корона даст ёфтанӣ аст. 

Ҳамонтавр, ки Алии Шамхонӣ, дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон таъкид кард: Таърих такрор шудааст ва ин бор мудофеони саломати Эрон бо вуҷуди таҳрими бесобиқаи Амрико, ҷонашонро кафи даст гирифтаанд ва дубора ҷаҳонро шигифтзада мекунанд.

Барчасп