Номаи 270 ҳунарманди эронӣ ба асҳоби ҳунар дар ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i52035-Номаи_270_ҳунарманди_эронӣ_ба_асҳоби_ҳунар_дар_ҷаҳон
Ҷамъе аз ҳунармандони эронӣ дар номае ба ҳунармандони ҷаҳон, аз онҳо хостанд, барои муқобила бо зулме, ки ба мардуми Эрон дар паи эъмоли таҳримҳои Амрико мешавад, ба тааҳҳудоти худ амал кунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 24, 2020 16:57 Asia/Dushanbe
  • Номаи 270 ҳунарманди эронӣ ба асҳоби ҳунар дар ҷаҳон

Ҷамъе аз ҳунармандони эронӣ дар номае ба ҳунармандони ҷаҳон, аз онҳо хостанд, барои муқобила бо зулме, ки ба мардуми Эрон дар паи эъмоли таҳримҳои Амрико мешавад, ба тааҳҳудоти худ амал кунанд.

Дар номаи ҳунармандони Эрон ба ҳамтоёнашон омадааст: Мардуми Эрон имрӯз бо ду бӯҳрон мувоҷеҳ ҳастанд; бӯҳрони муштараке бо номи "коронавирус", ки шумо мешиносед ва бӯҳрони "таҳрим", ки кош ҳаргиз нашносед.

Ин ҳунармандон навиштанд: Барои мо ҳунармандони эронӣ акнун муҳим аст, ки бидонем, шумо (ҳунармандони ҷаҳон) дар мавриди вазъияти беморони коронаӣ, кӯдакон ва солмандони дар остонаи ибтило ва камбудҳои хисорати бори ҷомеаи пизишкии Эрон дар ин бӯҳрон, чӣ фикр мекунед, чӣ мегӯед  ва чӣ иқдоме анҷом медиҳед?

Дар ин нома омадааст: Кош он қадар дер нашавад, ки ҳунармандони мутааҳҳид ва таъсиргузор пеш аз он, ки қиссаи зулмеро, ки бар мардуми Эрон дар ин бӯҳрон меравад, ба гӯши қудратмандон ва сиёсатмадорон бирасонанд, нафаси худашон аз ибтило ба ин бало ба шумор афтода бошад.