Ройзании телефонии Зариф ва Лавров дар бораи коронавирус ва таҳримҳои Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i52053-Ройзании_телефонии_Зариф_ва_Лавров_дар_бораи_коронавирус_ва_таҳримҳои_Амрико
Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Русия сешанбешаб телефонӣ дар бораи шуюи ҷаҳонии коронавирус ва таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ройзанӣ карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 25, 2020 16:46 Asia/Dushanbe
  • Ройзании телефонии Зариф ва Лавров дар бораи коронавирус ва таҳримҳои Амрико

Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Русия сешанбешаб телефонӣ дар бораи шуюи ҷаҳонии коронавирус ва таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ройзанӣ карданд.

Ба гузориши ПорсТуэй, Муҳаммадҷаводи Зариф- вазири  умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Сергей Лавров- вазири умури хориҷаи Русия дар ин гуфтугӯи телефонӣ дар хусуси шароити ҳозир ва мутаасир аз шуюи коронавирус дар ду кишвар ва ҷаҳон хусусан талоши Эрон барои муқобила бо ин вирус дар шароити бархоста аз таҳримҳои якҷонибаи Вашингтон, таҳаввулоти ҷории сиёсӣ дар Афғонистон ва талошҳои байналмиллалӣ алайҳи таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи кишварҳои мухталиф баҳс ва табодули назар карданд. 

Вазири умури хориҷаи Русия дар ин гуфтугӯи телефонӣ тасреҳ кард, Маскав қотеона аз Вашингтон мехоҳад то таҳримҳои ғайриинсониро, ки монеи муқобилаи комили давлатҳо бо коронавирус мешавад, бекор кунад.  

Лавров ҳамчунин бар азми Русия барои тавсеаи ҳамаҷонибаи равобит бо Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард.  

Вазири умури хориҷаи Эрон дар рӯзҳои ахир дар пайи шуюи коронавирус ройзаниҳои телефониро бо бархе ҳамтоёни худ сурат дода ва аз онҳо хостааст, ки бо таҳримҳои ғайриқонунии Амрико алайҳи Эрон ҳамроҳӣ накунанд.

Зариф пеш аз ин бо вазирони умури хориҷаи Фаронса, Индонезия, Шветсия, Африқои Ҷанубӣ, Британия, Чин, Сербия, Хорватия, Швейтсария, Покистон, Кувейт, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ироқ, Иморот, Австрия, Норвегия, Кения, Нигерия, Булғория ва ҳамчунин Ҷозеп Борл - масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфтугӯ карда буд. 

Муҳаммадҷаводи Зариф ҳамчунин ахиран дар Твиттер бо баёни ин ки Эрон таомули наздике бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои муқобила бо коронавирус дорад навишт, ҳамкории ҷаҳонӣ ва минтақаӣ барои муқобила бо ин вирус зарурӣ аст.  

Таҳримҳои якҷониба ва золимонаи Вашингтон, ки шомили колоҳои асосӣ ва ҳатто доруӣ ва пизишкӣ мешавад боиси эҷоди мушкилоти фаровоне барои мардуми Эрон ба вижа беморони коронавирус шудааст. 

Бо ин ҳол Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа таъкид кард, бо бекор кардани таҳримҳои ин кишвар алайҳи Эрон мухолиф аст.  

Амрико ба рағми мутолиботи ҷаҳонӣ барои бекор кардани таҳримҳо алайҳи Эрон, тайи чанд рӯзи гузашта чанд шахсият ва ширкати эрониро таҳрим кардааст.