Март 26, 2020 10:36 Asia/Dushanbe
  • Равиши нави муҳаққиқони эронӣ дар беҳбуди беморони коронаӣ

Раиси донишкадаи улумпизишкии Ободон, вилояти Хузистон дар ҷануби ғарби Эрон, аз муваффақияти тими таҳқиқотии уфунии ин донишкада дар дармони беморони мубтало ба коронавирус ва таваққуфи марги бархоста аз ин беморӣ хабар дод.

Шукруллоҳ Салмонзода, раиси донишкадаи улумпизишкии Ободон рӯзи чаҳоршанбе гуфт, Баррасии таъсири як доруи зиддивирусӣ руи беморони бадҳоли мубтало ба КОВИД-19 бистарӣ дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористони Оятулллоҳ Толиқонии Ободон, ҳокӣ аз муваффақият дар дармони ин беморон ва коҳиши тули бистарӣ дар бемористон будааст.

Соро Муборак, муовини омӯзишӣ ва пажуҳишии донишкадаи улумпизишкии Ободон ва масъули гурӯҳи таҳқиқотии уфунии ин донишкада низ гуфт, аз замони шуюи коронавирус дар Эрон, вилояти Хузистон ва маҳдудаи донишкадаи улумпизишкии Ободон тими таҳқиқотии ин донишкада тасмим гирифт аз доруҳое истифода кунад, ки бо кӯмаки онҳо нишонаҳои болинии бемор сареътар беҳбуд пайдо кунад.

Коронавирус, ки номи расмии он КОВИД-19 аст авохири соли гузашта (2019) дар шаҳри Вуҳани Чин шиносоӣ шуд.

Ин вирус то кунун илова бар Чин ба беш аз 195 кишвари дигар низ сироят кардааст.