Март 28, 2020 08:58 Asia/Dushanbe
  • Мелоди имом Ҳусайн (а) муборак бод

Имрӯз шанбе 28 март баробар бо севуми шаъбони 1441 ҳиҷрии қамарӣ, рӯзи валодати имом Ҳусайн (а) набераи поки паёмбари гиромии ислом ва Рӯзи посдор аст.

Севуми шаъбон, солрӯзи мелоди саросар майманати бузурги посдори ислом ва шариати Муҳаммадӣ (с) аст, ки бо фидокории беназири хеш дар овардагоҳи Карбало, дарси озодагӣ ва иззатро ба ҳамаи ҷаҳониён омӯхт; шахсияте бузург, ки намунаи дифоъ ва посдорӣ аз Қуръони карим ва исломи азиз шуд.  

Ҳазрати имом Хумайнӣ (ра)- бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи мелоди имом Ҳусайн (а)-ро Рӯзи посдор ном ниҳод то иззат, озодагӣ ва басирати имоми севвуми шиаёни ҷаҳон то ҳамеша усва ва намунаи зиндагӣ ва сираи шиаёнаш ба хусус посдорони инқилоби исломӣ шавад.  

Радиои тоҷикӣ ин мелоди бузургро ба ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.