Раҳбари муаззами инқилоб: Тарҳи ғирболгарӣ дар Эрон кори бузурге аст
Раҳбари муаззами инқилоб тарҳи ғирболгарӣ барои муқобила бо вируси корона дар Эронро кори бузурге донистанд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе дар номае хитоб ба Саиди Намакӣ-вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо ташаккур аз талошҳои маҷмӯаи беҳдошту дармони ин кишвар тасреҳ карданд: Баҳрагирӣ аз хадамоти нируҳои Басиҷ ва довталабони мардумӣ, кумаки бузурге ба раҳоии кишвар аз ин бемории ҳамагир хоҳад кард.
Раҳбари муаззами инқилоб ҳамчунин бо таъкид бар идомаи талошҳо барои муқобила бо вируси корона, аз Худованд барои маҷмӯаи бузурги дармонии Эрон сиҳатӣ , саломатӣ ва пирӯзӣ дархост карданд
Киёнуши Ҷаҳонпур-раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии вазорати беҳдошти Эрон гуфт: То кунун беш аз 50 миллион нафар дар тарҳи басиҷи миллии муқобила бо корона дар Эрон ғирболгарӣ шудаанд.
Ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кумаки нируҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афроди дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (карантина) ва дармони афроди мубтало ба вируси корона бо ҳамроҳии ҳамаи қишрҳои мардуми Эрон ба суръат дар ҳоли анҷом аст.
Вируси корона охири соли гузашта (2019) дар шаҳри Ухани Чин шиносоӣ шуд.Ин вирус акнун илова бар Чин, ба беш аз 195 кишвари дигар низ сироят кардааст
Дар Эрон то кунун беш аз 38 ҳазор нафар ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз ду ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд ва беш аз 12 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфтаанд.