Беҳбуди ҳудуди 14 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси Корона дар Эрон
(last modified Mon, 30 Mar 2020 11:15:55 GMT )
Март 30, 2020 16:15 Asia/Dushanbe
  • Беҳбуди ҳудуди 14 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси Корона дар Эрон

Вазорати беҳдошти Эрон эълон кард: то кунун 13 ҳазор ва 911 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба вируси Корона мубтало шудаанд беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурахас шудаанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии садои Хуросон Киёнуши Ҷаҳонпур раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоъ расонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи душанбе дар гуфту гу бо хабарнигорон бо ишора ба ибтилои 41 ҳазор ва 495 нафар бе вируси Корона дар Эрон гуфт: мутаасифона дар як рӯзи гузашта 117 нафар аз беморони мубтало ба вируси Корона дар Эрон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуи қурбониёни ин беморӣ дар кишвар ба 2757 нафар расид. 

Ҷаҳонпур афзӯд:то кунун беш ааз 63 миллион нафар дар тарҳи басиҷи миллии муқобила бо Корона дар Эрон ғалборгари шудаанд.

Ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кумаки нерӯҳои мусалаҳ фароянди ташхиси зудҳангом радёбии афрод дар тамос бо мубталоён ҷудосозии беморон карантина ва дармони афроди мубтало ба вируси Корона бо ҳамроҳи ҳамаи ақшори мардуми Эрон ба суръат дар ҳоли анҷом аст.