Апрел 01, 2020 20:39 Asia/Dushanbe
  • Худкифоии Эрон дар тавлиди кити ташхиси коронавирус

Раиси пажуҳишгоҳи Постури Эрон бо ишора ба худкифоии кишвар дар тавлиди кити ташхиси коронавирус эълом кард: Вазорати беҳдошти Эрон омодаи содирот ва ироаи хадамоти шоиста ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Алиризо Бигларӣ- раиси пажуҳишгоҳи Постури Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарие, ки ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, бо баёни ин ки китҳои ташхиси тавлиди Эрон имкони тести афроди машкук бо нишонаҳои хафифро дорад, тасреҳ кард: Кити ташхисе, ки акнун дар Эрон мавриди истифода қарор мегирад, китҳои ташхиси мулкулӣ аст, ки мавриди таъйиди Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳам қарор гирифта ва агар намунагирӣ дуруст анҷом шавад, то болои 90 дарсад ҷавоби он қобил итминон аст.

Бигларӣ бо ишора ба тавлиди кити ташхиси мулкулии коронавирус тавассути панҷ ширкати донишбунён дар Эрон, ёдовар шуд: Ин дастоварди бузурги миллӣ дар замоне анҷом шуд, ки Эрон дар бадтарин шароити таҳримҳо қарор дорад ва имкони фиристодани пул барои хариди кит аз кишварҳои дигар вуҷуд надорад.

Раиси пажуҳишгоҳи Постури Эрон бо баёни ин ки теъдоди озмоишгоҳҳои ташхиси коронавирус дар кишвар ба 90 маврид расидааст, хотирнишон кард: Вазорати беҳдошти  Эрон имкони 20 ҳазор тест дар рӯзро дорад, ки расидан ба ин тавон дар авҷи таҳримҳо нуқтаи қуввати кишвар аст.